ХОНАИ ХУДРО ОТАШ НАЗАНЕД

Январь 16, 2010 12:30

                 Душанбе, 16 январ. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Ҳафтаи сипаришуда дар миқёси ҷумҳурӣ 26 ҳодисаи сӯхтор бо хисороти молии умумии 55 ҳазору 960 сомонӣ ба қайд гирифта шуд.                   Тибқи иттилои корманди маркази матбуоти Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ҶТ Толиб Ҳаётов, масоҳати умумии сӯхторҳо 1138 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Чун ҳарвақта сабабҳои асосии ҳодисаҳои нохуш – муносибати беэҳтиётона бо оташ, вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ аз сўхтор ҳангоми истифодаи асбобҳои гармидиҳандаи барқӣ ва газӣ, расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ мебошанд.                   Дар давоми ҳафта дар вилояти Суғд – 7, вилояти Хатлон – 6, ВМКБ – 1, шаҳри Душанбе – 6, ноҳияҳои Турсунзода ва Рӯдакӣ — 2, Ваҳдат ва Файзобод 1 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст.                      Аз ҷумла, дар ноҳияи Рудакӣ дар натиҷаи расиши кўтоҳи ноқилҳои барқӣ манзили истиқоматии соҳибкор Аҳтам Усмонов оташ гирифт. Шифт ва молу ашёҳои хона дар масоҳати 112 метри мураббаъ сӯхта хокистар шуданд. Ҳангоми ба ҷои ҳодиса расидани 2 адад автомашинаи оташнишонони қисми мустақили минтақавии зудамали СРХДО ноҳияи мазкур сӯхтор хомӯш карда шуда молу ашёи боқимондаи хона ба маблағи 60 ҳазор сомонӣ наҷот дод шуд.                    Бино ба таҳқиқи коршиносон гунаҳкори ҳодиса соҳибхона ба ҳисоб рафта, зарари аз сӯхтори ба амал омада маблағи 4 ҳазор сомониро дарбар мегирад.    

Январь 16, 2010 12:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд