ИФТИТОҲИ НАМОЯНДАГИИ ДАФТАРИ СОХТОРҲОИ ДЕМОКРАТӢ ВА ҲУҚУҚИ ИНСОН
Душанбе, 19 январ. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — 18 январ дар шаҳри Душанбе намояндагии Дафтари сохторҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони амнияту ҳамкории Аврупо расман кушода шуд. Намояндагони САҲА ҷараёни тайёрӣ ва гузаронидани интихоботи парлумонро дар Тоҷикистон мушоҳида хоҳанд кард. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки ба намояндагии мазкур 17 коршиноси байналхалқӣ аз 16 мамлакати аъзои CАҲА ва 20 нафари дигар мушоҳидон шомил гардиданд. Ба намояндагии САҲА дар Душанбе Артис Пабрикс роҳбарӣ мекунад. Дар арафаи интихобот 150 нозири дигар ба Тоҷикистон фиристода хоҳад шуд. А.Пабрикс зикр намуд, ки мушоҳидон бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ва роҳбарияти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ мулоқот анҷом доданд. Хулосаи аввалини кормандони намояндагӣ рӯзи дуюми баъди интихобот пешниҳод карда мешаванд. Ҳисоботи муфассали он баъди гузаштани интихобот дар давоми ду моҳ чоп карда хоҳад шуд, гуфт А.Пабрикс.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






