«ИМДОД»РОҲҲОИ ТАШКИЛИ ҶОЙҲОИ КОРРО БА ОИЛАҲОИ НИЁЗМАНД БАРРАСӢ МЕКУНАД
Душанбе, 5 январ.(АМИТ «Ховар»,Марзия Саидова).-«Аҳамияти рушди худишғолӣ дар дастгирии хонаводаҳои ниёзманд», таҳти чунин унвон 13- 14 январ дар «Кохи ваҳдат»-и пойтахт семинар баргузор мегардад. Дар ин хусус, 5 январ Раиси Кумитаи байналмилалии имдоди имом Хумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайидҷаводи Разавӣ зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод. Мавсуф гуфт, ки семинари мазкур бо ибтикори намояндагии Кумитаи имдоди имом Хумайнӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Дар назар аст, ки дар он Раиси кулли Кумитаи имдоди имом Хумайнӣ Ҳусайн Анворӣ, узви Шӯрои марказӣ ва муовини фарҳангии Кумитаи мазкур Ҳамидризо Тараққӣ ва дигар коршиносону соҳибназарони тоҷику эронӣ иштирок намуда, роҷеъ ба масъалаи таъмини хонаводаҳои ниёзманд бо шуғли муайян табодули назар мекунанд. Ҳадаф аз баргузории чунин семинар баррасии масъалаи ташкили ҷойҳои кор ва расонидани кӯмак ба оилаҳои ниёзманд дар мавриди шуғли муайян ва беҳдошти вазъи иҷтимоии онҳо аст, афзуд С. Разавӣ.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






