ИШТИРОКИ ШИРКАТҲОИ ТУРИСТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ЯРМАРКАИ ТУРИСТИИ «ITB BERLIN»

Январь 11, 2010 16:51

                  Душанбе, 11 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Беш аз даҳ ширкати туристии Тоҷикистон – «Авиатур», «Тоҷикинтурсервис», «Кафолат», Ассосиатсияи экофарҳангии туристии «Бадахшон», Ассосиатсияи рушди туризми Тоҷикистон «Зарафшон» ҷиҳати иштирок дар ярмаркаи байналмилалии «ITB Berlin», ки з 10 то 14 марти соли 2010 дар пойтахти Германия шаҳри Берлин баргузор мегардад, иштирок менамоянд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» муовини Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Лочин Файзуллоев иттилоъ дод.                    Ҳадаф аз ташкили ярмаркаи «ITB Berlin» ҷалби таваҷҷӯҳи дӯстдорони туризм ба кишварҳои туристӣ, рушди сайру саёҳат, муаррифии маҳсулоти туристӣ, ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд байни ширкатҳои туристӣ, имзои қарордодҳои ҳамкорӣ ва табодули таҷрибаи пешрафта дар соҳаи туризм мебошад.                    Дар ярмарка ширкатҳои туристии 150 давлати ҷаҳон маҳсулот ва имкониятҳои туристии худро дар масоҳати 180 ҳазор метри мураббаъ муаррифӣ менамоянд. Ширкатҳои туристии Ҷумҳурии Тоҷикистон 44 метри мураббаъи масоҳати ярмаркаро ба иҷора хоҳанд гирифт.                      Назар ба иттилои Лочин Файзуллоев дар давоми солҳо 2008-2009 ширкатҳои туристии Тоҷикистон дар чандин намоишгоҳҳои байналмилалии туристӣ, ки дар шаҳрҳои Москва, Токио, Лондон, Остона, Бишкек ва Тошканд баргузор шуданд, иштирок намуда, маҳсулот ва имкониятҳои туристии Тоҷикистонро муаррифӣ карданд.

Январь 11, 2010 16:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд