КӮМАКИ БАШАРДӮСТОНАИ РУСИЯ БА ТОҶИКИСТОН

Январь 7, 2010 15:58

                    Душанбе, 7 январ. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Федератсияи Русия дар байни мамлакатҳои ҷаҳон ба Тоҷикистон аз ҳама бештар кӯмаки башардӯстона мерасонад. Ба қарибӣ хабар дода шуд, ки Ҳукумати Русия барои расондани кӯмак ба Тоҷикистон 5,5 миллион доллари ИМА ҷудо кардааст. Кӯмакҳои башардӯстонаи Русия ба Тоҷикистон асосан ба воситаи Муассисаи ҷаҳонии озуқаи Созмони Милали Муттаҳид расонида мешаванд.                     Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки рӯзҳои наздик аз Русия ба Тоҷикистон ба воситаи нақлиёти роҳи оҳан 10 ҳазору 500 тонна орди гандум фиристода хоҳад шуд. Ин кӯмак баъдан дар байни гурӯҳҳои камбизоати аҳолии мамлакат тақсим карда мешавад.                      Муассисаи ҷаҳонии озуқаи СММ қарор додааст, ки аз моҳи сентябри соли равон дар доираи барномаи «Озуқа барои талабагон» шумораи бештари талабагонро бо хӯроки гарм таъмин намояд. Мувофиқи барномаи мазкур айни ҳол ба 370 ҳазор талабаи синфҳои поёнии мактабҳои ҷумҳурӣ кӯмаки моддӣ расонида мешавад.

Январь 7, 2010 15:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд