КӮМАКИ БАШАРДӮСТОНАИ РУСИЯ БА ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 7 январ. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Федератсияи Русия дар байни мамлакатҳои ҷаҳон ба Тоҷикистон аз ҳама бештар кӯмаки башардӯстона мерасонад. Ба қарибӣ хабар дода шуд, ки Ҳукумати Русия барои расондани кӯмак ба Тоҷикистон 5,5 миллион доллари ИМА ҷудо кардааст. Кӯмакҳои башардӯстонаи Русия ба Тоҷикистон асосан ба воситаи Муассисаи ҷаҳонии озуқаи Созмони Милали Муттаҳид расонида мешаванд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки рӯзҳои наздик аз Русия ба Тоҷикистон ба воситаи нақлиёти роҳи оҳан 10 ҳазору 500 тонна орди гандум фиристода хоҳад шуд. Ин кӯмак баъдан дар байни гурӯҳҳои камбизоати аҳолии мамлакат тақсим карда мешавад. Муассисаи ҷаҳонии озуқаи СММ қарор додааст, ки аз моҳи сентябри соли равон дар доираи барномаи «Озуқа барои талабагон» шумораи бештари талабагонро бо хӯроки гарм таъмин намояд. Мувофиқи барномаи мазкур айни ҳол ба 370 ҳазор талабаи синфҳои поёнии мактабҳои ҷумҳурӣ кӯмаки моддӣ расонида мешавад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






