КӮМАКИ ХАЙРИЯ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ЗИЛЗИЛА

Январь 27, 2010 11:09

                  Душанбе, 27 январ. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). – Намояндагии Бунёди нуфуси Созмони милали муттаҳид дар Тоҷикистон ба аҳолии аз зилзила зарардидаи ноҳияи Ванҷ кӯмаки хайрия мерасонад. Маблағи умумии кӯмаки хайрия 65 ҳазор доллари ИМА – ро ташкил медиҳад.                    Аз ҷумла, ба аҳолии зарардида ва Шифохонаи марказии ноҳияи Ванҷ 500 даста асбобу анҷоми гигиении шустушӯ дода хоҳад шуд, ки аз сачоқу хокаи ҷомашӯӣ, собун, хамираи дандоншӯӣ ва асбобу анҷоми дигари зарурии рӯзгор иборат аст. Инчунин дар байни оилаҳои ноҳия бештар аз 500 кампали гарм тақсим карда мешавад.                     Намояндаи Бунёди нуфуси СММ дар Тоҷикистон Парвиз Бобоев ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки ба шифохонаи марказии ноҳияи Ванҷ таҷҳизоти гуногуни тиббӣ, инчунин навъҳои гуногуни дору дода хоҳад шуд. Таҷҳизоти мазкур ва доруҳоро барои осону бехтар гардонидани таваллуд истифода мебаранд.                      Бунёди нуфуси СММ ташкилоти байналхалқӣ буда, дар мамлакатҳои гуногун намояндагиҳо дорад. Самтҳои асосии фаъолияти онро ҳалли масъалаҳои рушд, аз ҷумла таъмини баробарҳуқуқии занону мардон, таъмини ҳаёти шоистаи бачагон, саломатии онҳо ва муҳайё сохтани имкониятҳои баробар барои пешрафти ҷомеа ташкил медиҳанд. 

Январь 27, 2010 11:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд