КОНФРОНСИ БАЙНАЛХАЛҚӢ БАХШИДА БА АФҒОНИСТОН АНҶОМ ЁФТ
Лондон, 29 январ. (АМИТ «Ховар» — ИТАР — ТАСС). – Дар Лондон конфронси байналхалқӣ бахшида ба проблемаҳои Афғонистон ба охир расид. Дар он Муншии умумии СММ Пан Ги Мун, Президенти Афғонистон Ҳамид Карзай, сарвазири Британияи Кабир Гордон Браун ва вазирони корҳои хориҷии 70 мамлакати ҷаҳон ширкат варзиданд. Мавзӯи асосии рӯзномаи конфронс муҳокимаи нақшаи тадриҷан ба зиммаи мақомоти дахлдори Афғонистон гузоштани назорати вазъияти мамлакат, мӯътадил сохтани вазъияти сиёсию иқтисодӣ ва таъмини амният дар Афғонистон буд. Иштирокчиёни конфронс ба дастовардҳои ҳукумати Афғонистон дар мубориза ба муқобили истеҳсоли маводи нашъадор баҳои мусбат доданд. Қайд карда шуд, ки ҳоло дар 20 вилояти Афғонистон маводи нашъадор истеҳсол карда намешавад. Дар баёнияи конфронс ба саҳми мамлакатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар мубориза ба муқобили паҳн гардидани маводи нашъадор аз Афғонистон баҳои баланд дода шуд. Дар конфронс қайд карда шуд, ки кӯшишҳои ҳукумати Афғонистон дар бобати ислоҳоти иқтисодӣ, аз ҷумла зиёд намудани андоз, боҷи гумрук, таъмини принсипҳои баробарӣ, эҳтироми ҳуқуқи инсон, идораи самарабахши соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, таъмини пешрафти иқтисодиёт ва ғайра дар оянда самараи дилхоҳ дода метавонанд. Иштирокчиёни конфронс нақшаи ҳукумати Афғонистонро дар бобати гуфтушунид бо силоҳбадастон ва ба ҳаёти осоишта баргардонидани онҳоро дастгирӣ намуданд. Президенти Афғонистон Ҳамид Карзай изҳор намуд, ки вазифаҳои аввалиндараҷаи ӯ дар даври дуюми президентиаш барқарор сохтани сулҳ дар мамлакат, таъмини амният, роҳбарии самарабахш ба ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт, таъмини рушди иқтисодӣ, бо қувваи барқ таъмин намудани тамоми мамлакат, истифодаи захираҳои табиӣ ва густариши ҳамкории минтақавӣ мебошанд. Тавре хабар дода шуда буд, дар конфронси мазкур вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ширкат варзид.








Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид






