КОНИ НАФТУ ГАЗ КОРКАРД МЕШАВАД

Январь 26, 2010 16:54

                   Шаҳринав, 26 январ. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев)- Мувофиқи созишномаи байнидавлатии Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои истихроҷи газ ва маҳсулоти нафтӣ дар мавзеи Сариқамиши ҳудуди ноҳия оғоз гардидааст, — иброз дошт раиси ноҳияи Шаҳринав Раҳматуллои Пӯлод, зимни нишасти матбуотие, ки 26 январ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баргузор гардид.                      Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти корхонаҳои саноатии ноҳия дар соли сипаригардида ба 1976, 8 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки ин нисбат ба соли 2008-ум 9,8 фоиз зиёд гардидааст. Тибқи барномаи «Рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Шаҳринав дар давраи то соли 2015» як қатор иншооти дар соли гузашта мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд. Биноҳои раёсати молия, суғуртаи давлатӣ, шӯъбаи маориф аз ҷумлаи онҳоянд.                      Дар бораи рушди боғу токпарварӣ сухан ронда, раиси ноҳия зикр кард, ки то соли 2014 дар ҳудуди ноҳия бояд дар масоҳати 630, 3 гектар боғу токзорҳо бунёд карда шавад.                        Айни ҳол кормандони муассисаю ташкилотҳо, хоҷагиҳо, шаҳрвандони саховатманд, хоҷагиҳои деҳқонӣ ба суратҳисоби НБО «Роғун» маоши кори якрӯзаашонро ба маблағи зиёда аз 70 ҳазор сомонӣ гузаронида, беш аз 1 милиону 900 ҳазор сомонӣ саҳмия харидорӣ намуданд.                       Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ хабарнигорон аз раиси ноҳия, муовинон, раисони ҷамоатҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ба суолҳои худ ҷавобҳои қаноатбахш дарёфт намуданд.

Январь 26, 2010 16:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд