ЛОИҲА ДУБОРА МАБЛАҒГУЗОРӢ ШУД
Душанбе, 22 январ. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Лоиҳаи оид ба тандурустии заминавӣ ва ҷамоавӣ дар 41 ноҳияи вилоёти Суғду Хатлон, бо аҳолии зиёда аз 4,5 миллион (65% аз шумораи умумии аҳолии мамлакат) амалӣ мешавад, зикр намуд дар нишати матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти соли 2009 ва нақшаи фаъолияти кори семоҳаи аввали соли 2010 директори Лоиҳа Маҳбуба Шералиева. Инчунин, қайд намуд, ки Лоиҳаи оид ба тандурустии заминавӣ ва ҷамоавӣ яке аз грантҳои маблағгузории бузурги мамлакат дар соҳаи тандурустӣ мебошад. Аз ин ҳисоб, маблағгузории Бонки умумиҷаҳонӣ 10,0 миллион доллари ИМА, СИДА (Агентии Шведии Рушди байналмиллалӣ) – 6.11 миллион, ва Агентии Швейсарӣ оид ба Ҳамкорӣ ва Рушд – 1.18 миллион доллари ИМА. Бонки умумиҷаҳонӣ ба муроҷиати таъҷилии Созмони Миллали Муттаҳид бо сабаби зимистони вазнини солҳои 2007-08 ҷавоб дода, моҳи сентябри соли 2008 ба маблағи 4 млн. доллари ШМА маблағгузорӣ намуд, ки он ба пуррагӣ истифода карда шуд. Фаъолияти ин лоиҳа аслан дар моҳи августи соли 2009 ба охир расида, баъди ҷудо намудани 5 миллион доллари амрикоӣ кори худро давом дода истодааст ва охири соли 2010 кори худро ба таври пурра ба итмом мерасонад, — илова намуд М. Шералиева.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






