МӮҲЛАТИ БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛИРО КӢ МУАЙЯН МЕКУНАД?
Душанбе, 20 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-20 январ дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи 6-уми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ» баррасӣ ва қабул гардид. Зимни шарҳи масъалаи мазкур вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Абдулҳалим Ҷамолов гуфт, ки бо ворид намудани тағйирот ба қонуни амалкунанда давраи гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва мӯҳлати он на дертар аз 5 сол, то оғози барӯйхатгирӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. Дар иҷлосия ҳамчунин, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағийрот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ ва қабул гардиданд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






