МӮҲЛАТИ БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛИРО КӢ МУАЙЯН МЕКУНАД?

Январь 20, 2010 16:07

                  Душанбе, 20 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-20 январ дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи 6-уми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ» баррасӣ ва қабул гардид.                   Зимни шарҳи масъалаи мазкур вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Абдулҳалим Ҷамолов гуфт, ки бо ворид намудани тағйирот ба қонуни амалкунанда давраи гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва мӯҳлати он на дертар аз 5 сол, то оғози барӯйхатгирӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.                       Дар иҷлосия ҳамчунин, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағийрот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ ва қабул гардиданд.  

Январь 20, 2010 16:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид