М.ХАЛИФАЕВ БА СИЁСАТ БАРГАШТАНИСТ

Январь 16, 2010 11:59

                  Душанбе, 16 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – Дар Ҳавзаи интихоботии №21 Панҷакент 4 номзади вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шуд. Яке аз онҳо раиси собиқи Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон Халифаев Матлуб Ҷабборович мебошад. Ӯ аз ҳавзаи якмандатӣ номзади вакили парлумони мамлакат пешниҳод гардидааст. М.Халифаев узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.                   Мухбири АМИТ «Ховар ёдовар мешавад, ки М.Халифаев 30 ноябри соли 2006 аз вазифаи раиси Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории ҷумҳурӣ озод гардида буд.                  Дар ҳавзаи интихоботии №21 Панҷакент инчунин даъвогарони курсии ваколат дар Маҷлиси намояндагон Муқимҷон Бозоров, Шакарбек Самадов ва Шодибек Аҳмадов ба қайд гирифта шуданд.

Январь 16, 2010 11:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд