МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ ДОХИЛӢ 20,6 МИЛЛИАРД СОМОНИРО ТАШКИЛ ДОД
Душанбе, 25 января. (НИАТ «Ховар», Покиза Махмадбекова). – «Дар соли 2009 ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 20,6 миллиард сомониро ташкил дода, афзоиши реалии он ба 3,4 фоиз баробар гардид, ки нисбат ба соли 2008-ум 3 миллиард сомонӣ зиёд аст», — гуфт зимни нишасти матбуотӣ Вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмуддинов. У ҳамчунин зикр намуд, ки дар соли сипаригардида новобаста аз таъсири бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ба иқтисодиёти кишвар, нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, вазъи молиявӣ ва таъмини сиёсати иҷтимоию иқтисодӣ мусбӣ арзёбӣ гардид. Дар соли 2009-ум аз ҳисоби маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ 270,3 миллион сомонӣ ворид гардида, 176,5 миллион сомонӣ грант барои лоиҳахои инвеститсионӣ, 342,6 миллион сомонӣ қарз барои лоиҳаҳои муштараки инвеститсионӣ ва 576,9 миллион сомонӣ қарзи Чумҳурии Мардумии Чин аз худ карда шуд. С. Наҷмуддинов қайд кард, ки дар доираи Барномаи сиёсати буҷетӣ ҷавоба ба таъсири бӯҳрони молиявӣ аз ташкилотҳои байналмиллалии молиявӣ зиёда аз 300 миллион сомонӣ маблағҳои бебозгашт барои дастгирии буҷет ҷалб карда шуданд. Инчунин дар давоми соли 2009 — ум 15 созишнома оиди татбиқи лоиҳаҳои муштараки инвеститсионӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти мамлакат бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ба маблағи 262,2 миллион долларои амрикӣ ба имзо расонида шуд.








Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад






