МАОРИФ ВА ТИБ ДАР МАРКАЗИ ДИҚҚАТИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРӢ
Душанбе, 11 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз моҳи январи соли 2010 сар карда, суръати сохтмони мактабҳои нотамом дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ беҳтар мегардад. Боис ба ёдоварист, ки дар моҳҳои январ – ноябри соли 2009 дар ҳудуди шаҳру вилоятҳои ҷумхурӣ барои 18 ҳазору 10 ҷои нишаст мактабҳои таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла дар ВМКБ барои 1300 хонанда, дар вилояти Хатлон барои – 7937, вилояти Суғд – 6349, шаҳри Душанбе – 624, шаҳри Роғун барои 186 нафар хонанда, ва дар ноҳияҳои Ваҳдату Рӯдакӣ мутаносибан – 624 ва 990 ҷои нишаст мактабҳо сохта ба истифода дода шуданд, — иброз доштанд дар Вазорати маорифи ҷумҳурӣ ба мухбири АМИТ «Ховар». Дар ин давра — (январ – ноябри соли 2009), ҳамчунин барои 470 ҷои қабул дар як баст дармонгоҳ сохта шудааст, ки аз он 90 ҷой дар вилояти Суғд ва 380 ҷой дар вилояти Хатлон мебошанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






