МАШВАРАТИ МУОВИНИ САРВАЗИР
Хуҷанд, 4 января. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). — 3 январ дар бинои маъмурияти вилояти Суғд таҳти раёсати муовини аввали Сарвазири мамлакат Асадулло Ғуломов машварат баргузор гардид. Дар он аъзои гурӯҳи кории аз пойтахти мамлакат фиристодашуда, роҳбарони вилоят, шаҳру ноҳияҳо ба корхонаю ташкилотҳои минтақа ширкат варзиданд. Дар машварат тадбирҳои марбут ба ташкили фурӯши саҳмияҳои НБО «Роғун» муҳокима карда шуд. Қайд карда шуд, ки саҳмияҳои нерӯгоҳ дар ҳамаи шӯъбаҳои Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» дар тамоми вилояту шаҳрҳо ва ноҳияҳои мамлакат ба фурӯш бароварда мешаванд. Раиси Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» Маҳмадамин Маҳмадаминов ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки хоҳишмандон саҳмияҳои нерӯгоҳро аз шӯъбаҳои бонк дар вақти дилхоҳашон харида метавонанд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






