МАШВАРАТИ МУОВИНИ САРВАЗИР

Январь 4, 2010 13:36

                   Хуҷанд, 4 января. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). — 3 январ дар бинои маъмурияти вилояти Суғд таҳти раёсати муовини аввали Сарвазири мамлакат Асадулло Ғуломов машварат баргузор гардид. Дар он аъзои гурӯҳи кории аз пойтахти мамлакат фиристодашуда, роҳбарони вилоят, шаҳру ноҳияҳо ба корхонаю ташкилотҳои минтақа ширкат варзиданд.                    Дар машварат тадбирҳои марбут ба ташкили фурӯши саҳмияҳои НБО «Роғун» муҳокима карда шуд. Қайд карда шуд, ки саҳмияҳои нерӯгоҳ дар ҳамаи шӯъбаҳои Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» дар тамоми вилояту шаҳрҳо ва ноҳияҳои мамлакат ба фурӯш бароварда мешаванд.                     Раиси Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» Маҳмадамин Маҳмадаминов ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки хоҳишмандон саҳмияҳои нерӯгоҳро аз шӯъбаҳои бонк дар вақти дилхоҳашон харида метавонанд.

Январь 4, 2010 13:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид