МЕҲМОНХОНАИ ПАНҶСИТОРАДОР ДАР ГАРМЧАШМА
Ишкошим, 23 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфишои Додо). — Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни Ваҳдат дар ҳудуди шифохонаи Гармчашма сохтмони дармонгоҳи замонавӣ ва меҳмонхонаи панҷситорадор давом дорад. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» мутасаддии сохтмони мазкур Валиҷон Тохтмадов иттилоъ дод, бинои дуқабатаи дармонгоҳ барои 68 ҷой ва меҳмонхона барои 40 ҷой пешбинӣ шуда, аллакай 80 фоизи корҳои сохтмонӣ иҷро гардиданд. Сохтмончиён новобаста ба сармои зимистон корро бо суръат идома медиҳанд. Дар назди шифохона сохтмони майдончаи варзишӣ барои калонсолон ва хурдсолон дар назар дошта шудааст. Сохтмони иншоотҳо то рӯзи ҷашнгирии иди Ваҳдат ба сифати баланд ба охир расонида мешаванд. Хотиррасон мекунем, ки бунёди ин иншоотҳоро ҷамъияти маҳдуди «Алюминсохтмон» ба ӯҳда дорад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






