МЕДАЛҲОИ ТИЛЛОИ ТАЛАБАГОНИ ТОҶИК
Душанбе, 20 январ. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Аз 11 то 17 январ дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон олимпиадаи шашуми байналхалқии талабагон аз фанҳои физика, математика ва технологияи иттилоотӣ баргузор гардид. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар олимпиадаи мазкур дастаи мунтахаби Тоҷикистон низ иштирок дошт. Талабагони тоҷик дар олимпиада 6 медал ба даст оварданд. Директори Маркази ҷумҳуриявии талабагони боистеъдоди Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Шокирҷон Гадоев зикр намуд, ки ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон талабагони гимназия – интернати муштараки Тоҷикистону Русия, яке аз литсейҳои муштараки Тоҷикистону Туркия ва талабагони мактабҳои шаҳри Душанбе шомил буданд. Онҳо бори аввал дар қатори 10 мактаби беҳтарини физикию математикии ҷаҳон ҷой гирифтанд. Ба талабагони тоҷик дипломи дараҷаи чорум супорида шуд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






