МЕДАЛҲОИ ТИЛЛОИ ТАЛАБАГОНИ ТОҶИК

Январь 20, 2010 10:22

                   Душанбе, 20 январ. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Аз 11 то 17 январ дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон олимпиадаи шашуми байналхалқии талабагон аз фанҳои физика, математика ва технологияи иттилоотӣ баргузор гардид.                    Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар олимпиадаи мазкур дастаи мунтахаби Тоҷикистон низ иштирок дошт. Талабагони тоҷик дар олимпиада 6 медал ба даст оварданд.                     Директори Маркази ҷумҳуриявии талабагони боистеъдоди Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Шокирҷон Гадоев зикр намуд, ки ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон талабагони гимназия – интернати муштараки Тоҷикистону Русия, яке аз литсейҳои муштараки Тоҷикистону Туркия ва талабагони мактабҳои шаҳри Душанбе шомил буданд. Онҳо бори аввал дар қатори 10 мактаби беҳтарини физикию математикии ҷаҳон ҷой гирифтанд. Ба талабагони тоҷик дипломи дараҷаи чорум супорида шуд. 

Январь 20, 2010 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид