МУҲОКИМАИ БАРНОМАИ КАМ КАРДАНИ ИСТЕЪМОЛИ МАШРУБОТ
Женева, 19 январ. (АМИТ «Ховар» — СММ). — Иштирокчиёни иҷлосияи 126 – уми Кумитаи иҷроияи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ лоиҳаи барномаи ҷаҳонии стратегии кам кардани истеъмоли аз ҳад зиёди машруботро дар саросари ҷаҳон муҳокима менамоянд. Иҷлосияи мазкур 18 январ дар Женева кушода шуд. Дар лоиҳаи барнома гуфта мешавад, ки дар давоми як сол аз бемориҳои вобаста ба истеъмоли аз ҳад зиёди машрубот қариб 2,5 миллион нафар, аз ҷумла 320 ҳазор ҷавонони аз 15 то 29 – сола вафот мекунанд. Ба қавли муаллифони барнома, аз ҳад зиёд истеъмол кардани машрубот ба саломатии одамон таъсири ҷиддии манфӣ расонда, яке аз сабабҳои вафоти пеш аз мӯҳлат ва маъюбии онҳо мебошад. Илова бар ин машрубот ва хусусан нӯшокиҳои спиртдор ба пайдоиши бемориҳои асаб, сирояткунанда, саратони ҷигар ва навъҳои дигари он мусоидат мекунад. Хеле зиёд гардидани ҳодисаҳои фалокат дар роҳу нақлиёт, вайрон шудани оилаҳо ва проблемаҳои дигари иҷтимоӣ асосан ба истеъмоли аз ҳад зиёди машрубот вобастагӣ дорад. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ мамлакатҳои ҷаҳонро даъват менамояд, ки барномаи мазкурро омӯхта, барои кам кардани истеъмоли машрубот тадбирҳои судбахш андешанд. Тибқи нақша барномаи мазкур дар ҷараёни иҷлосияи 126 – уми созмон қабул карда хоҳад шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






