МУҲОКИМАИ МАСЪАЛАҲОИ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ АВРУПО ДАР СААД
Маскав, 29 январ. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — 28 январ дар Маскав машварати коршиносони вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва вазорату идораҳои дигари манфиатдори давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор гардид. Дар он лоиҳаи Созишномаи таъмини амнияти мамлакатҳои Аврупо ва ҳамоҳанг сохтани фаъолияти давлатҳои аъзои созмон дар бораи тасвиби созишномаи мазкур муҳокима карда шуд. Иштирокчиёни машварат мазмуну мӯҳтавои лоиҳаи созишномаро умуман маъқул дониста, изҳори умед карданд, ки мамлакатҳои Аврупо низ онро дастгирӣ хоҳанд кард. Созишномаи мазкур бо ташаббуси Федератсияи Русия таҳия карда шуд, иштирокчиёни машварат ба пешниҳоди Ҷумҳурии Қазоқистон дар бораи гузаронидани мулоқоти роҳбарону намояндагони мамлакатҳои аъзои созмон дар соли 2010 бахшида ба ин масъала баҳои мусбат доданд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар машварат Муншии умумии СААД Николай Бордюжа, намояндагон ва коршиносони вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва вазорату идораҳои дигари дахлдори давлатҳои аъзои созмон иштирок доштанд. Аз Тоҷикистон дар машварат намояндаи ваколатдори Тоҷикистон дар СААД, мушовири сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия Тӯрабек Назаров ва намояндаи ваколатдори қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар Ситоди кулли СААД Маҳмадалӣ Достиев ширкат варзиданд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






