МУЛОҚОТ БО НОЗИРОНИ БАЙНАЛХАЛҚӢ

Январь 15, 2010 16:27

                 Душанбе, 15 январ. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина . — 15 январ раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ Мирзоалӣ Болтуев бо ҳайати нозирони байналхалқии Созмони амнияту ҳамкории Аврупо таҳти роҳбарии сардори Пажӯҳишгоҳи демократия ва ҳуқуқи инсони Латвия Артис Пабрикс мулоқот кард.                     Нозирони байналхалқӣ ба масъалаҳои марбут ба гузаронидани интихоботи парлумон дар Тоҷикистон мароқ зоҳир намуданд.                    М.Болтуев ба меҳмонон хабар дод, ки дар ҷумҳурӣ 41 ҳавзаи якмандатии интихобот ва як ҳавзаи интихоботии умумиҷумҳуриявӣ ташкил карда шудааст. Дар назди ҳавзаҳо 3067 қитъаи интихоботӣ ва бо назардошти қитъаҳои овоздиҳӣ дар сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар мамлакатҳои ИДМ 3100 қитъаи овоздиҳӣ ташкил карда хоҳад шуд. Пешбинӣ карда мешавад, ки дар интихобот 3 миллиону 461 ҳазору 294 нафар иштирок хоҳад кард.                    Дар интихоботи имсола нисбат ба интихоботи соли 2005 – ум 121 қитъаи интихоботӣ зиёд кушода хоҳад шуд. Ин ба афзоиши аҳолӣ вобаста мебошад. Айни ҳол бо раисони қитъаҳо, ҳавзаҳо ва аъзои комиссияҳои интихоботӣ машғулиятҳо гузаронида мешаванд. Ҳамаи қитъаҳои интихоботӣ бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва нақшаҳои тадбирҳои асосии гузаронидани интихобот таъмин карда шудаанд.                    М.Болтуев зикр кард, ки имрӯз, 15 январ мӯҳлати додани аризаи номзадҳо ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони мардумӣ ба охир мерасад, онҳо аз 15 январ то 8 феврал ба қайд гирифта мешаванд.                    Қайд карда шуд, ки намояндагони 7 ҳизби сиёсии ҷумҳурӣ ба ҳайати Комиссияи марказии интихобот шомил гардиданд.                    Дар давраи ташвиқоту тарғибот ба ҳар номзад дар телевизион ва радио 15 дақиқа ва барои ҳизбҳо 30 дақиқа вақти бепул дода мешавад. Номзадҳои вакилон метавонанд барои ташвиқоти худ аз саҳифаҳои матбуоти даврӣ низ истифода баранд.                      Раиси Комиссияи марказии интихобот дар хотима зикр кард, ки 28 феврал ҷараёни интихоботи парлумонро 160 нафарӣ намояндагон аз САҲА ва ИДМ, 40 нафар аз СҲШ ва 200 нафар аз ИМА ва Канада мушоҳида хоҳанд кард.

Январь 15, 2010 16:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд