МУЛОҚОТ БО НОЗИРОНИ БАЙНАЛХАЛҚӢ
Душанбе, 15 январ. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина . — 15 январ раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ Мирзоалӣ Болтуев бо ҳайати нозирони байналхалқии Созмони амнияту ҳамкории Аврупо таҳти роҳбарии сардори Пажӯҳишгоҳи демократия ва ҳуқуқи инсони Латвия Артис Пабрикс мулоқот кард. Нозирони байналхалқӣ ба масъалаҳои марбут ба гузаронидани интихоботи парлумон дар Тоҷикистон мароқ зоҳир намуданд. М.Болтуев ба меҳмонон хабар дод, ки дар ҷумҳурӣ 41 ҳавзаи якмандатии интихобот ва як ҳавзаи интихоботии умумиҷумҳуриявӣ ташкил карда шудааст. Дар назди ҳавзаҳо 3067 қитъаи интихоботӣ ва бо назардошти қитъаҳои овоздиҳӣ дар сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар мамлакатҳои ИДМ 3100 қитъаи овоздиҳӣ ташкил карда хоҳад шуд. Пешбинӣ карда мешавад, ки дар интихобот 3 миллиону 461 ҳазору 294 нафар иштирок хоҳад кард. Дар интихоботи имсола нисбат ба интихоботи соли 2005 – ум 121 қитъаи интихоботӣ зиёд кушода хоҳад шуд. Ин ба афзоиши аҳолӣ вобаста мебошад. Айни ҳол бо раисони қитъаҳо, ҳавзаҳо ва аъзои комиссияҳои интихоботӣ машғулиятҳо гузаронида мешаванд. Ҳамаи қитъаҳои интихоботӣ бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва нақшаҳои тадбирҳои асосии гузаронидани интихобот таъмин карда шудаанд. М.Болтуев зикр кард, ки имрӯз, 15 январ мӯҳлати додани аризаи номзадҳо ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони мардумӣ ба охир мерасад, онҳо аз 15 январ то 8 феврал ба қайд гирифта мешаванд. Қайд карда шуд, ки намояндагони 7 ҳизби сиёсии ҷумҳурӣ ба ҳайати Комиссияи марказии интихобот шомил гардиданд. Дар давраи ташвиқоту тарғибот ба ҳар номзад дар телевизион ва радио 15 дақиқа ва барои ҳизбҳо 30 дақиқа вақти бепул дода мешавад. Номзадҳои вакилон метавонанд барои ташвиқоти худ аз саҳифаҳои матбуоти даврӣ низ истифода баранд. Раиси Комиссияи марказии интихобот дар хотима зикр кард, ки 28 феврал ҷараёни интихоботи парлумонро 160 нафарӣ намояндагон аз САҲА ва ИДМ, 40 нафар аз СҲШ ва 200 нафар аз ИМА ва Канада мушоҳида хоҳанд кард.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






