МУЛОҚОТ ДАР ВАЗОРАТИ МОЛИЯ

Январь 5, 2010 12:07

                   Душанбе, 5 января. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — 3 январ вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов бо ҳайати ҳукуматии Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳти роҳбарии муовини аввали вазири энергетикаи ин мамлакат Ҳамид Читчиён мулоқот кард.                   Дар мулоқот сафири кабири Тоҷикистон дар Эрон Рамазон Мирзоев ва намояндагони баъзе вазорату идораҳои мамлакат ҳузур доштанд.                    Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар ҷараёни мулоқот ҷараёни иҷрои барномаҳое, ки Эрон барои амалӣ сохтани онҳо маблағ ҷудо кардааст, масъалаи ҷудо кардани маблағи иловагӣ барои ривоҷ додани ҳамкории минбаъда, рафти сохтмони НБО «Сангтӯда — 2» ва анҷоми сохтмони туннели «Истиқлол» муҳокима шуданд. Ҳар ду ҷониб паймон карданд, ки сохтмони ин иншоотҳо тезонида ва дар мӯҳлати муқарраршуда ба истифода дода шаванд.                     Иштирокчиёни мулоқот инчунин имкониятҳои ҷудо кардани маблағро аз ҷониби Эрон барои сохтмони иншоотҳои нави энергетикӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла нерӯгоҳҳои барқи обии Айнӣ ва Шӯроб, инчунин нерӯгоҳи хурди барқии Искандаркӯл баррасӣ намуданд.                     Ҷониби Эрон хабар дод, ки барои анҷоми сохтмони туннели «Истиқлол» ба таври илова 5 миллион доллари ИМА ҷудо карда мешавад. Вазири молияи Тоҷикистон С.Наҷмиддинов ба мусоҳибонаш изҳори сипос намуд. 

Январь 5, 2010 12:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид