МУЛОҚОТИ Ҳ. ЗАРИФӢ БО САФИРИ РУСИЯ
Душанбе, 11 январ. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Зимни мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо сафири фавқулодда ва мухтори Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Юрий Попов натиҷаҳои сафари расмии президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба шаҳри Душанбе, вазъияти Афғонистон ва ҳамкорию ҳамгироии давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар масъалаи ба эътидол овардани вазъияти ҷамъиятию сиёсии ин мамлакат, мубориза ба муқобили терроризм ва паҳн гардидани маводи нашъадор дар минтақа муҳокима шуданд. Ҳ.Зарифӣ ва Ю.Попов баъдан роҷеъ ба сатҳи имрӯзаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Русия изҳори ақида намуданд. Қайд карда шуд, ки барои густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодии ҳар ду кишвар ҳанӯз захираю имкониятҳои истифоданашуда мавҷуданд. Ю.Попов хабар дод, ки маъмурияти мамлакаташ дар арафаи конфронси байналхалқии бахшида ба Афғонистон мулоқоти муовинони вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро барои муайян намудани мавқеъҳояшон доир ба ин масъала дар Маскав баргузор намудан мехоҳад. Конфронси байналхалқӣ бахшида ба Афғонистон 28 январи соли равон дар Лондон баргузор мегардад. Сафири Русия дар робита даъват намуд, ки намояндаи Тоҷикистон низ дар конфронси мазкур ширкат варзад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






