МУЛОҚОТИ Ҳ. ЗАРИФӢ БО САФИРИ РУСИЯ

Январь 11, 2010 11:52

                   Душанбе, 11 январ. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Зимни мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо сафири фавқулодда ва мухтори Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Юрий Попов натиҷаҳои сафари расмии президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба шаҳри Душанбе, вазъияти Афғонистон ва ҳамкорию ҳамгироии давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар масъалаи ба эътидол овардани вазъияти ҷамъиятию сиёсии ин мамлакат, мубориза ба муқобили терроризм ва паҳн гардидани маводи нашъадор дар минтақа муҳокима шуданд.                    Ҳ.Зарифӣ ва Ю.Попов баъдан роҷеъ ба сатҳи имрӯзаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Русия изҳори ақида намуданд.                    Қайд карда шуд, ки барои густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодии ҳар ду кишвар ҳанӯз захираю имкониятҳои истифоданашуда мавҷуданд.                    Ю.Попов хабар дод, ки маъмурияти мамлакаташ дар арафаи конфронси байналхалқии бахшида ба Афғонистон мулоқоти муовинони вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро барои муайян намудани мавқеъҳояшон доир ба ин масъала дар Маскав баргузор намудан мехоҳад. Конфронси байналхалқӣ бахшида ба Афғонистон 28 январи соли равон дар Лондон баргузор мегардад. Сафири Русия дар робита даъват намуд, ки намояндаи Тоҷикистон низ дар конфронси мазкур ширкат варзад. 

Январь 11, 2010 11:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид