МУНШИИ НАВИ УМУМИИ СҲШ БА ИҶРОИ ВАЗИФАҲОЯШ ШУРӮЪ НАМУД
Пекин, 23 январ. (АМИТ «Ховар» — инфошос.ру). — Муншии нави умумии Созмони ҳамкории Шанхай Муродбек Имоналиев 21 январ ба иҷрои вазифаҳояш шурӯъ намуд. Ба ин муносибат дар Пекин ҷамъомад баргузор гардид. Дар он муовини вазири корҳои хориҷии Чин Ли Сзинчжон дар бораи фаъолияти нӯҳсолаи созмон сухан ронд. Вай зикр намуд, ки созмон барои таъмини амнияту суботи минтақа, равнақу ривоҷи ҳамкории мамлакатҳои аъзои он ва то ҳадди имкон кам кардани таъсири зуҳуроти номатлуби замони ҳозира мусоидат менамояд. Ба туфайли кӯшишҳои созмон муносибатҳои давлатҳои аъзои он густариш ёфта, барои рушди иқтисодиёти онҳо шароит муҳайё карда шуд. Дипломати чинӣ изҳор намуд, ки маъмурияти мамлакаташ ба фаъолияти СҲШ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир менамояд. Фаъолияти созмон ва хусусан роҳбари он дар оянда низ аз ҷониби Ҳукумати Чин дастгирӣ карда хоҳад шуд, гуфт дипломати чинӣ. Роҳбари нави СҲШ изҳор кард, ки тамоми маҳорату дониш ва таҷрибаи худро барои беҳтар сохтани муносибатҳои мамлакатҳои аъзои созмон сарф хоҳад кард. Хабар дода мешавад, ки Муродбек Имоналиев намояндаи Қирғизистон буда, дар вазифаи Муншии умумии СҲШ намояндаи Қазоқистон Болат Нургалиевро иваз кард. М.Имоналиев моҳи феврали соли 1956 дар шаҳри Фрунзе таваллуд шуда, соли 1978 Пажӯҳишғоҳи мамлакатҳои Осиё ва Африқои Донишгоҳи давлатии Маскавро хатм кардааст. Ихтисоси ӯ шарқшинос ва тарҷумони забони чинӣ мебошад. Мавсуф ғайр аз забони модариаш забонҳои русию англисӣ ва чиниро хеле хуб медонад. М.Имоналиев то ба вазифаи Муншии умумии СҲШ таъин гардиданаш мушовири президенти Ҷумҳурии Қирғизистон буд.








Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд






