МУСОДИРАИ 500 КГ МАВОДИ ГУНОГУНИ НАШЪАДОР

Январь 18, 2010 14:50

                   Душанбе, 18 январ. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Аз ҷониби кормандони шӯъбаи махсуси раёсати муборизаи зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъадори ВКД ҶТ дар ҳудуи ноҳияи Восеъ, дар назди бозори марказии ноҳияи мазкур, шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммадкарим валади Муҳаммадраҳими 25 сола, сокини улусволии Янгиқалъа вилояти Тахор дастгир карда шуд, хабар доданд аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ.                    Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз борхалтаи ӯ 7 кг 76 гр маводи нашъадори навъи бангдона дарёфт ва мусодира карда шуд. Нисбат ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ боз карда шуд. Тафтишот идома дорад.                     Бояд қайд намуд, ки дар натиҷаи корҳои фаврӣ — ҷустуҷӯӣ дар муддати соли сипаришуда, кормандони бахши мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадори ВКД ҶТ беш аз 500 кг маводи гуногуни нашъадор мусодира карданд. 

Январь 18, 2010 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд