МУСОДИРАИ 500 КГ МАВОДИ ГУНОГУНИ НАШЪАДОР
Душанбе, 18 январ. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Аз ҷониби кормандони шӯъбаи махсуси раёсати муборизаи зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъадори ВКД ҶТ дар ҳудуи ноҳияи Восеъ, дар назди бозори марказии ноҳияи мазкур, шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммадкарим валади Муҳаммадраҳими 25 сола, сокини улусволии Янгиқалъа вилояти Тахор дастгир карда шуд, хабар доданд аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз борхалтаи ӯ 7 кг 76 гр маводи нашъадори навъи бангдона дарёфт ва мусодира карда шуд. Нисбат ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ боз карда шуд. Тафтишот идома дорад. Бояд қайд намуд, ки дар натиҷаи корҳои фаврӣ — ҷустуҷӯӣ дар муддати соли сипаришуда, кормандони бахши мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадори ВКД ҶТ беш аз 500 кг маводи гуногуни нашъадор мусодира карданд.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






