НАҚШАИ ҶАМЪОВАРИИ КАРТОШКА 102 ФОИЗ, НАРХ – БАЛАНД
Душанбе, 5 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти фаврии Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ, соли 2009 дар корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)-и ҷумҳурӣ дар майдони 11252 гектар кишти картошка гузаронида шуд. То 4 –уми январи соли 2010 аз майдони 11249 гектар ҳосили картошка ҷамъоварӣ гардидааст. Нақшаи истеҳсоли картошка 227171 тонна буда, айни замон 232082 тонна картошка ҷамъоварӣ гардидаст, ки баробари 102 фоизи нақшаи солона мебошад. Бовуҷуди аз нақша беш аз 5 ҳазор тонна зиёд истеҳсол карда шудани картошка, нархи он дар бозорҳои ҷумҳурӣ рӯ ба афзоиш аст. Айни замон нархи 1 кг картошка дар бозорҳои кишвар 2 сомонию 10 – 2 сомонию 30 дирам мебошад, Касе аз мутасаддиёни соҳа боло бурдани нархро шарҳу эзоҳ додан намехоҳад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






