НАҚШАИ ҶАМЪОВАРИИ КАРТОШКА 102 ФОИЗ, НАРХ – БАЛАНД

Январь 5, 2010 11:50

                  Душанбе, 5 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти фаврии Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ, соли 2009 дар корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)-и ҷумҳурӣ дар майдони 11252 гектар кишти картошка гузаронида шуд. То 4 –уми январи соли 2010 аз майдони 11249 гектар ҳосили картошка ҷамъоварӣ гардидааст.                    Нақшаи истеҳсоли картошка 227171 тонна буда, айни замон 232082 тонна картошка ҷамъоварӣ гардидаст, ки баробари 102 фоизи нақшаи солона мебошад.                     Бовуҷуди аз нақша беш аз 5 ҳазор тонна зиёд истеҳсол карда шудани картошка, нархи он дар бозорҳои ҷумҳурӣ рӯ ба афзоиш аст. Айни замон нархи 1 кг картошка дар бозорҳои кишвар 2 сомонию 10 – 2 сомонию 30 дирам мебошад, Касе аз мутасаддиёни соҳа боло бурдани нархро шарҳу эзоҳ додан намехоҳад. 

Январь 5, 2010 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад