НАФАҚА САРИ ВАҚТ ДОДА НАМЕШАВАД

Январь 28, 2010 15:34

                   Хуҷанд, 28 январ. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). – 27 январ дар Хуҷанд бо иштироки мудири шӯъбаи меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва муҳоҷирати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Зайнура Шарифова, сардори раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят Нуринисо Комилова, сардори раёсати агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Ғафурҷон Мӯъминов ва кормандони дигари масъули ташкилоту идораҳои дахлдор конфронси матбуот баргузор гардид.                   Н.Комилова зикр намуд, ки имрӯз дар вилоят 181664 нафақахӯр зиндагӣ карда, ба ҳисоби миёна ҳар моҳ 92 сомонию 58 дирам нафақа мегирад. Ӯ ба саволи журналистон дар бораи арзиши миёнаи таъминоти рӯзгори аҳолии вилоят ҷавоб надод.                     З.Шарифова ба хабарнигорон маслиҳат дод, ки барои гирифтани чунин маълумот метавонанд ба раёсати омори вилоят муроҷиат кунанд.                    Зикр шуд, ки талаботи ҳармоҳаи вилоят барои додани нафақа ва ёрдампулиҳо 14 миллиону 600 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Вале бо ин мақсад то 1 январи соли 2010 – ум 1 миллиону 123,5 ҳазор сомонӣ дода шудаасту халос.                     Ғ.Мӯъминов гуфт, ки сабаби асосии сари вақт пардохта нашудани нафақа ва ёрдампулиҳо набудани акти сеҷониба дар байни намояндагиҳои Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» дар вилояти Суғд, раёсати ҳифзи иҷтимоӣ ва раёсати агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа мебошад. Давлат ҳуқуқ надорад, ки нафақа ва ёрдампулиҳоро ба нафақахӯрон ва маъюбон дар вақташ надиҳад, гуфт вай.                       Қайд карда шуд, ки корхонаҳо, муассисаҳо ва хоҷагиҳои вилоят то 1 январи соли 2010 аз ҳисоби напардохтани андозҳои иҷтимоӣ зиёда аз 30 миллион сомонӣ қарздоранд. 

Январь 28, 2010 15:34

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе маркази муосири телефонҳои мобилӣ ва фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоии «Real Phone» ифтитоҳ гардид