НАРХИ ЧИПТАИ ҚАТОРАИ РОҲИ ОҲАН БАЛАНД ШУД

Январь 23, 2010 10:41

                   Душанбе, 23 январ. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих ). — Муассисаи роҳи оҳани Тоҷикистон аз 20 январи соли 2010 сар карда, нархҳои нави чиптаҳои нақлиёти роҳи оҳан ва ҳамлу нақли молро ба воситаи қатораҳо муқаррар намуд.                    Акнун нархи чиптаи қатори роҳи оҳани Душанбе – Маскав дар вагони умумӣ 666 сомонӣ (152 доллари ИМА), дар вагони ҳуҷрадор 864 сомонӣ (198 доллари ИМА) ва барои кашондани 10 килограмм бағоҷ 37 сомонӣ (8 доллари ИМА) мебошад.                    Дар қатораи роҳи оҳани Кӯлоб – Маскав нархи чиптаи вагони умумӣ 680 сомонӣ (156 доллари ИМА), вагони ҳуҷрадор 877 сомонӣ (201 доллари ИМА) ва арзиши интиқоли 10 кг боғоҷ 38 сомонӣ (9 доллари ИМА) муқаррар карда шуд.                      Нархи чиптаи қатораи роҳи оҳани Қӯрғонтеппа – Маскав барои вагони умумӣ 662 сомонӣ (151 доллари ИМА), вагони ҳуҷрадор 858 сомонӣ (196 доллари ИМА) ва арзиши интиқоли 10 кг бағоҷ 37 сомонӣ (8 доллар ИМА) муқаррар карда шуд.                      Аз дафтари матбуоти Муассисаи роҳи оҳан ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки нархи чиптаҳо дар давоми сол вобаста ба қурби франки Швейтсария ва боло рафтани арзиши чиптаҳо дар роҳи оҳани Федератсияи Русия тағйир ёфта метавонад.                      Айни ҳол аз шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб ва Хуҷанд ба самти Маскав ва Саратов қатораҳои роҳи оҳан ба сафар мебароянд. Дар дохили мамлакат байни шаҳрҳои Душанбе — Конибодом, Қӯрғонтеппа — Конибодом ва Қӯрғонтеппа — Кӯлоб қатораҳои роҳи оҳан ҳаракат мекунанд.

Январь 23, 2010 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд