НАРХИ ЧИПТАИ ҚАТОРАИ РОҲИ ОҲАН БАЛАНД ШУД
Душанбе, 23 январ. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих ). — Муассисаи роҳи оҳани Тоҷикистон аз 20 январи соли 2010 сар карда, нархҳои нави чиптаҳои нақлиёти роҳи оҳан ва ҳамлу нақли молро ба воситаи қатораҳо муқаррар намуд. Акнун нархи чиптаи қатори роҳи оҳани Душанбе – Маскав дар вагони умумӣ 666 сомонӣ (152 доллари ИМА), дар вагони ҳуҷрадор 864 сомонӣ (198 доллари ИМА) ва барои кашондани 10 килограмм бағоҷ 37 сомонӣ (8 доллари ИМА) мебошад. Дар қатораи роҳи оҳани Кӯлоб – Маскав нархи чиптаи вагони умумӣ 680 сомонӣ (156 доллари ИМА), вагони ҳуҷрадор 877 сомонӣ (201 доллари ИМА) ва арзиши интиқоли 10 кг боғоҷ 38 сомонӣ (9 доллари ИМА) муқаррар карда шуд. Нархи чиптаи қатораи роҳи оҳани Қӯрғонтеппа – Маскав барои вагони умумӣ 662 сомонӣ (151 доллари ИМА), вагони ҳуҷрадор 858 сомонӣ (196 доллари ИМА) ва арзиши интиқоли 10 кг бағоҷ 37 сомонӣ (8 доллар ИМА) муқаррар карда шуд. Аз дафтари матбуоти Муассисаи роҳи оҳан ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки нархи чиптаҳо дар давоми сол вобаста ба қурби франки Швейтсария ва боло рафтани арзиши чиптаҳо дар роҳи оҳани Федератсияи Русия тағйир ёфта метавонад. Айни ҳол аз шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб ва Хуҷанд ба самти Маскав ва Саратов қатораҳои роҳи оҳан ба сафар мебароянд. Дар дохили мамлакат байни шаҳрҳои Душанбе — Конибодом, Қӯрғонтеппа — Конибодом ва Қӯрғонтеппа — Кӯлоб қатораҳои роҳи оҳан ҳаракат мекунанд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






