НАТИҶАҲОИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ УКРАИНА
Киев, 18 январ. (АМИТ «Ховар» — вести.ру). — Дирӯз, 17 январ дар Украина интихоботи президенти мамлакат баргузор гардид. Дар он 18 нафар номзад барои ба даст овардани курсии сардори давлат мубориза бурд. Дар интихобот ба ягон номзад муяссар нагардид, ки ба аксарияти овози интихобкунандагон соҳиб гардад. Натиҷаҳои интихобот нишон медиҳанд, ки бояд даври дуюми он гузаронида шавад. Дирӯз қисмати бештари интихобкунандагон ба тарафдории раиси ҳизби манотиқи Украина Виктор Янукович ва Сарвазири мамлакат Юлия Тимошенко овоз доданд. Акнун ҳар дуи онҳо дар даври дуюми интихобот иштирок хоҳанд кард. Дар натиҷаи интихобот ҷои сеюмро раиси яке аз бонкҳои калонтарини Украина Сергей Тигипко ишғол намуд. Президенти ҳозираи Украина аз рӯи овозҳои бадастовардааш дар ҷои панҷум қарор дорад. Хабар дода мешавад, ки 36,88 фоизи интихобкунандагон ба тарафдории В.Янукович, 24,59 фоизи интихобкунандагон ба тарафдории Ю.Тимошенко, 12,86 фоиз ба тарафдории С.Тигипко, 6,69 фоиз ба тарафдории Арсений Ятенюк, 4,88 фоиз ба тарафдории В.Ющенко ва 3,69 фоиз ба тарафдории Пётр Симоненко овоз додаанд. Даври дуюми интихоботи Президенти Украина бояд 7 феврал баргузор гардад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






