НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР «БАРҚИ ТОҶИК»

Январь 29, 2010 17:14

 Душанбе,  29 январ. (АМИТ «Ховар»,    Кристина  Эрлих). —  28  январ  дар  Ҷамъияти  саҳҳомии «Барқи  тоҷик»  бахшида ба  натиҷаҳти  фаъолияти он  дар соли  2009 нишасти  матбуотӣ  баргузор  гардид. Ба  саволҳои  хабарнигорон раиси  Ҷамъияти  саҳомӣ  Абдулло  Ёров  ҷавоб  дод, ки   чанде  пеш  ба  ин  вазифа таъин  гардида буд. Вай  зикр  намуд, ки  нерӯгоҳҳои барқии  мамлакат   соли  2009  — ум  14  миллиарду  197  миллион   киловатт – соат қувваи  барқ  истеҳсол намуданд.  Ин  нисбат ба  соли  2008 – ум  5  фоиз   кам  мебошад. Раиси  ҷамъияти  саҳҳомӣ  дар  бораи  сабабҳои  кам  шудани  истеҳсоли  қувваи барқ  сухан  ронд. Вай  қайд  намуд, ки  бо  мақсади бо об  пур  кардани  обанбори  Норак  баъзе  агрегатҳои  нерӯгоҳ  аз  кор  боздошта шуданд, инчунин  талаботи   истифодабарандагони  асосии  қувваи барқ,  аз  ҷумла   ширкати «Талко» ва  Вазорати  мелиоратсия ва  захираҳои об  ба  қувваи барқ  нисбатан  кам  шуд.  Ҷамъияти  саҳҳомии  «Барқи  тоҷик» ва Ҷамъияти  саҳҳомии  «Сангтӯда – 1»  соли  2009  барои таъмини  аҳолӣ  ва  корхонаҳои  мамлакат  аз  ҷумҳуриҳои  ҳамсоя  2  миллиарду  965  миллион  киловатт – соат  қувваи барқ  хариданд. Барои тармими  куллии  НБО «Норак» 49,9  миллион  сомонӣ  сарф  карда  шуд. Ғайр  аз  ин  барои  иҷрои  корҳои  дигар  ва тармими  таҳизоти  иловагии  нерӯгоҳи  мазкур  5,4 миллион  сомонӣ   сарф  гардид. Соли  гузашта  инчунин  таҷҳизоти нерӯгоҳҳои барқии  Бойғозӣ  ва Қайроққум,  силсилагэсҳои  дарёи  Вахш ва  системаҳои  энергетикии  шаҳри  Душанбе  тармим  карда шудаанд. Соли  гузашта ва  айни  ҳол  таъминоти  аҳолӣ  бо  қувваи  барқ  хеле  беҳтар  гардид.  Минбаъд ба  аҳолии  деҳот  2  соат зиёд  қувваи барқ  дода  мешавад. А.Ёров   зикр  намуд, ки  аз  ҳисоби  истифодаи  чароғакҳои  каммасраф   соли гузашта  875 миллион   киловатт  — соатт  қувваи барқ  сарфа  карда  шуд.  

Январь 29, 2010 17:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад