НИШАСТИ МАТБУОТИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ СУҒД

Январь 19, 2010 11:05

                 Хуҷанд, 19 январ. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). — Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода 18 январ барои хабарнигорони маҳаллию хориҷӣ бахшида ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти вилоят дар соли 2009 нишасти матбуотӣ ташкил намуд.                   Вай зикр кард, ки соли гузашта барои коркарди як гектар пахтазор дар қисмати шимолии мамлакат 157 доллари ИМА сарф карда шуд. Дар натиҷа дар вилоят 87 ҳазору 105 тонна пахта ҷамъ оварда шуд. Ҳосилнокии пахта аз ҳар гектар 2 сентнерро ташкил дод.                     Соли гузашта аз вилоят ба мамлакатҳои хориҷӣ бештар аз 88 ҳазор тонна меваи хушк ва 78 ҳазор тонна сабзавот ба маблағи 43 миллион доллари ИМА фурӯхта шуд.                     Қоҳир Расулзода дар ҷавоби саволи мухбири АМИТ «Ховар» зикр кард, ки мувофиқи паймони дуҷониба бо мақомоти дахлдори Ӯзбекистон ба баъзе ноҳияҳои қисми шимолии мамлакат, аз ҷумла, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Айнӣ аз ин мамлакат қувваи барқ дода мешавад. Ин ноҳияҳо айни ҳол аз Ӯзбекистон ҳар шабонарӯз зиёда аз 1 миллион киловатт — соат қувваи барқ мегиранд.                      Раиси вилоят зикр намуд, ки сокинони ҳамаи шаҳру ноҳияҳои қисмати шимолии мамлакат ба муроҷиатномаи сардори давлат ҳамроҳ гардида, саҳмияҳои НБО «Роғун» — ро ба маблағи 104 миллион сомонӣ хариданд. Умуман сокинони вилоят, соҳибкорону тоҷирон ва корхонаю муассисаҳо дар сохтмони ин иншооти муҳим ба маблағи 1,5 миллиард сомонӣ саҳм гузошта метавонанд, гуфт Қоҳир Расулзода. 

Январь 19, 2010 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд