НИШАСТИ МАТБУОТИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ СУҒД
Хуҷанд, 19 январ. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). — Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода 18 январ барои хабарнигорони маҳаллию хориҷӣ бахшида ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти вилоят дар соли 2009 нишасти матбуотӣ ташкил намуд. Вай зикр кард, ки соли гузашта барои коркарди як гектар пахтазор дар қисмати шимолии мамлакат 157 доллари ИМА сарф карда шуд. Дар натиҷа дар вилоят 87 ҳазору 105 тонна пахта ҷамъ оварда шуд. Ҳосилнокии пахта аз ҳар гектар 2 сентнерро ташкил дод. Соли гузашта аз вилоят ба мамлакатҳои хориҷӣ бештар аз 88 ҳазор тонна меваи хушк ва 78 ҳазор тонна сабзавот ба маблағи 43 миллион доллари ИМА фурӯхта шуд. Қоҳир Расулзода дар ҷавоби саволи мухбири АМИТ «Ховар» зикр кард, ки мувофиқи паймони дуҷониба бо мақомоти дахлдори Ӯзбекистон ба баъзе ноҳияҳои қисми шимолии мамлакат, аз ҷумла, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Айнӣ аз ин мамлакат қувваи барқ дода мешавад. Ин ноҳияҳо айни ҳол аз Ӯзбекистон ҳар шабонарӯз зиёда аз 1 миллион киловатт — соат қувваи барқ мегиранд. Раиси вилоят зикр намуд, ки сокинони ҳамаи шаҳру ноҳияҳои қисмати шимолии мамлакат ба муроҷиатномаи сардори давлат ҳамроҳ гардида, саҳмияҳои НБО «Роғун» — ро ба маблағи 104 миллион сомонӣ хариданд. Умуман сокинони вилоят, соҳибкорону тоҷирон ва корхонаю муассисаҳо дар сохтмони ин иншооти муҳим ба маблағи 1,5 миллиард сомонӣ саҳм гузошта метавонанд, гуфт Қоҳир Расулзода.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






