НОҲИЯИ ШУҒНОН ДАР ҶОЙИ АВВАЛ

Январь 23, 2010 11:26

                  Хоруғ, 23 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфишои Додо). — Дар шаҳри Хоруғ даври сеюми Олимпиадаи вилоятии мактаббачагон аз фанҳои ҷамъиятию гуманитарӣ ҷамъбаст гардид. Дар маросими ҷамъбаст устодони Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев ва Донишкадаи такмили тахассуси омӯзгорони вилоят дониши иштирокчиёни Олимпиадаро натиҷагирӣ карданд.                    Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» сардори Раёсати маорифи вилоят Ғарибшо Ғарибшоев иттилоъ дод: «Дар асоси холгузории устодон ҷои аввалро мактабиёни ноҳияи Шуғнон, ҷои дуюмро ноҳияи Рӯшон, ҷои сеюмро шаҳри Хоруғ, ҷои чорумро ноҳияи Роштқалъа, ҷои панҷумро толибилмони ноҳияи Ишкошим ишғол намуданд. Хонандагони навоҳии Ванҷу Дарвоз низ дониши хуб нишон доданд. Чунончӣ, чор нафар мактабиёни ноҳияи Дарвоз ва ду нафар аз ноҳияи Ванҷ дар Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ иштирок хоҳанд кард.                      Беҳтарин иштирокчиёни Олимпиадаи вилоятӣ бо ифтихорномаи Раёсати маорифи вилоят сарфароз гардиданд.

Январь 23, 2010 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд