НОҲИЯИ ШУҒНОН ДАР ҶОЙИ АВВАЛ
Хоруғ, 23 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфишои Додо). — Дар шаҳри Хоруғ даври сеюми Олимпиадаи вилоятии мактаббачагон аз фанҳои ҷамъиятию гуманитарӣ ҷамъбаст гардид. Дар маросими ҷамъбаст устодони Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев ва Донишкадаи такмили тахассуси омӯзгорони вилоят дониши иштирокчиёни Олимпиадаро натиҷагирӣ карданд. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» сардори Раёсати маорифи вилоят Ғарибшо Ғарибшоев иттилоъ дод: «Дар асоси холгузории устодон ҷои аввалро мактабиёни ноҳияи Шуғнон, ҷои дуюмро ноҳияи Рӯшон, ҷои сеюмро шаҳри Хоруғ, ҷои чорумро ноҳияи Роштқалъа, ҷои панҷумро толибилмони ноҳияи Ишкошим ишғол намуданд. Хонандагони навоҳии Ванҷу Дарвоз низ дониши хуб нишон доданд. Чунончӣ, чор нафар мактабиёни ноҳияи Дарвоз ва ду нафар аз ноҳияи Ванҷ дар Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ иштирок хоҳанд кард. Беҳтарин иштирокчиёни Олимпиадаи вилоятӣ бо ифтихорномаи Раёсати маорифи вилоят сарфароз гардиданд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






