НОМИ НАВЗОДРО РОҒУНШОҲ ГУЗОШТАНД
Душанбе, 7 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар вилояти Суғд дар арафаи ба фурӯш гузошта шудани саҳмияҳои Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» писараке таваллуд шуд, ки ӯро Роғуншоҳ ном гузоштанд. Дар замоне, ки бештари мардуми Тоҷикистон барои харидани саҳмияҳои НБО «Роғун» омодагӣ мегирифтанд, дар хонаводаи Бобохоновҳо аз ҷамоати деҳоти Гулхонаи ноҳияи Ҷаббор Расулов писараке ба дунё омад ва бо пешниҳоди бобои падарии ин навзод, исми ӯро Роғуншоҳ ниҳоданд. Роғуншоҳи навзод дар оила фарзанди дуюмини волидайн буда, падару модари вай саҳмдорони яке хоҷагиҳои ин ноҳия мебошанд.Нахуcтин фарзанди ин оила низ писар буда, ба хотири шоири шаҳиру миллатдӯст Иқболи Лоҳурӣ — Муҳаммадиқбол ном гузошта шудааст. Бобои Роғуншоҳи навзод Абдуллоҷон Бобохонов орзу дорад, ки ин набераашро баъди хатми мактаб ба донишгоҳи энергетикӣ, барои таҳсил равон кунад, то ки дар оянда мутахассиси хуби соҳа гардад. Абдуллоҷон Бобохонов ба номи Роғуншоҳ ду саҳмия ба маблағи 500 сомонӣ харидорӣ намуда, ният дорад, ки дар давоми сол боз ба маблағи 2 ҳазор сомонӣ саҳмия харад ва дар бунёди ин иншооти муҳим саҳм гузорад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






