НОМЗАДҲОИ АВВАЛИН ПЕШБАРӢ ШУДАНД
Душанбе, 7 январ. (АМИТ «Ховар»). — Дар Комиссияи марказии интихоботи ҷумҳурӣ бақайдгирии номзадҳо ба вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҷумҳурӣ аз ҳавзаҳои якмандатӣ давом дорад. То имрӯз аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботии № 1 (ноҳияи Фирдавсӣ) Маҳмадалӣ Ватанов — вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳавзаи интихоботии № 2 (ноҳияи Исмоили Сомонӣ) Шермуҳаммади Шоҳиён — раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳавзаи интихоботии № 3 (ноҳияи Шоҳмансур) Сафаралӣ Раҷабов — вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумхурии Тоҷикистон, дар ҳавзаи интихоботии № 34 (ноҳияи Фархор) Сайфулло Гиёев – муовини раиси Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси Суди ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳавзаи интихоботии № 30 (ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ) Ҳабибулло Сайдуллоев — раиси ноҳияи Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлон номзад пешбарӣ карда шуданд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






