НОЗИРОНИ МИЛЛӢ БА ИНТИХОБОТ ОМОДА МЕШАВАНД

Январь 13, 2010 14:45

                  Душанбе, 13 январ. (АМИТ «Ховар», Акрам Ҳаитов). — Бо ташаббуси Ассотсиатсияи миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, намояндагии Комиссияи Аврупо дар Тоҷикистон рӯзҳои 12-14 январи соли ҷорӣ дар толори КМИР семинар дар мавзӯъи «Интихоботи парлумонӣ 2010 — озодӣ ва шаффофият. Асосҳои ҳуқуқии иштироки нозирон дар интихобот», баргузор мешавад.                 Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар», аз Ассотсиатсияи миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар семинари мазкур намояндагони 8 ҳизби сиёсии Тоҷикистон иштирок карда, бо асосҳои ҳуқуқии иштироки нозирон дар интихобот, нозукиҳои ташкил ва гузаронидани интихоботи вакилони Маҷлиси Олӣ ва маҷлиси вакилони маҳаллӣ, шаклҳои асосии иштироки нозирон дар интихобот ва усулҳои чораҷӯӣ ҳангоми муайян шудани камбудиҳо дар раванди интихобот шинос мешаванд. Дар асоси ин маълумотҳои гирифташуда, намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ метавонанд нозирони худро омода карда, ба ҳавзаҳои интихоботӣ равон кунанд.                    Чунин семинар — машваратҳо дар тамоми ҳавзаҳои интихоботӣ, дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат то саршавии интихобот гузаронида хоҳанд шуд.

Январь 13, 2010 14:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд