ОҒОЗИ ФУРӮШИ САҲМИЯҲОИ НБО «РОҒУН» ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД
Хуҷанд, 6 января. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). — Имрӯз, 6 январ дар шаҳри Хуҷанд аз соати 8 — и субҳ сар карда, дар шаш маҳаллаи шаҳр — Кохи Рӯдакӣ, Театри ба номи Камоли Хуҷандӣ, мағозаи «Олами бачагон», ноҳияи Ҷумъабозор, ресторани «Осиё» ва шӯъбаҳои шаҳрию вилоятии Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» маъракаи фурӯши саҳмияҳои Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» оғоз ёфт. Роҳбарону намояндагони корхонаю муассисаҳо, мактабҳои олӣ, духтурон, муаллимон, соҳибкорону тоҷирон, коргарону донишҷӯён ва дигарон паи ҳам ба ин ҷойҳо омада, саҳмияҳои нерӯгоҳро харидорӣ карданд. Дар маросими оғози маъракаи фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳ дар Кохи Рӯдакӣ роҳбарони вилоят ва муовини аввали Сарвазири ҷумҳурӣ Асадулло Ғуломов ширкат варзиданд. Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода аввалин шуда, бо маблағи пасандози худ барои аҳли оилааш ва мӯйсафедони Хонаи маъюбон ва солхӯрдагони «Деҳмой» — и ноҳияи Ҷаббор Расулов ба маблағи 15 ҳазор сомонӣ ва барои мактаб — интернати махсуси бачагони ятим ва фарзандони оилаҳои камбизоати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба маблағи 15 ҳазор сомонӣ саҳмияҳои нерӯгоҳро харид. Мудири шӯъбаи Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» дар шаҳри Хуҷанд Бадриддин Аминов зикр кард, ки 65 корманди бонк ба фурӯши саҳмияҳо сафарбар карда шуданд. Ҳамаи бунгоҳҳои фурӯши саҳмияҳо бо асбобу анҷоми рақамӣ таъмин карда шудаанд. Ҳамаи хоҳишмандон шиносномаи худро пешниҳод намуда, бо маблағи дилхоҳашон саҳмияҳои Роғунро харидорӣ намуданд. Раиси Ҷамъияти саҳҳомии «Бонки Эсхата» Хуршед Носиров изҳор намуд, ки кормандони «Амонатбонк» дар шаҳри Хуҷанд ба маблағи то 700 ҳазор сомонӣ саҳмияҳои Роғунро хариданд. Рӯзҳои наздик маҷлиси шӯрои мудирони ҷамъияти саҳҳомӣ баргузор мегардад. Тибқи қарори маҷлиси мазкур барои харидани саҳмияҳои нерӯгоҳ маблағи муайян ҷудо карда хоҳад шуд, гуфт Хуршед Носиров.








Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд






