ОҒОЗИ ФУРӮШИ САҲМИЯҲОИ НБО «РОҒУН» ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

Январь 6, 2010 16:54

                  Хуҷанд, 6 января. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). — Имрӯз, 6 январ дар шаҳри Хуҷанд аз соати 8 — и субҳ сар карда, дар шаш маҳаллаи шаҳр — Кохи Рӯдакӣ, Театри ба номи Камоли Хуҷандӣ, мағозаи «Олами бачагон», ноҳияи Ҷумъабозор, ресторани «Осиё» ва шӯъбаҳои шаҳрию вилоятии Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» маъракаи фурӯши саҳмияҳои Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» оғоз ёфт. Роҳбарону намояндагони корхонаю муассисаҳо, мактабҳои олӣ, духтурон, муаллимон, соҳибкорону тоҷирон, коргарону донишҷӯён ва дигарон паи ҳам ба ин ҷойҳо омада, саҳмияҳои нерӯгоҳро харидорӣ карданд.                   Дар маросими оғози маъракаи фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳ дар Кохи Рӯдакӣ роҳбарони вилоят ва муовини аввали Сарвазири ҷумҳурӣ Асадулло Ғуломов ширкат варзиданд.                   Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода аввалин шуда, бо маблағи пасандози худ барои аҳли оилааш ва мӯйсафедони Хонаи маъюбон ва солхӯрдагони «Деҳмой» — и ноҳияи Ҷаббор Расулов ба маблағи 15 ҳазор сомонӣ ва барои мактаб — интернати махсуси бачагони ятим ва фарзандони оилаҳои камбизоати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба маблағи 15 ҳазор сомонӣ саҳмияҳои нерӯгоҳро харид.                    Мудири шӯъбаи Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» дар шаҳри Хуҷанд Бадриддин Аминов зикр кард, ки 65 корманди бонк ба фурӯши саҳмияҳо сафарбар карда шуданд. Ҳамаи бунгоҳҳои фурӯши саҳмияҳо бо асбобу анҷоми рақамӣ таъмин карда шудаанд. Ҳамаи хоҳишмандон шиносномаи худро пешниҳод намуда, бо маблағи дилхоҳашон саҳмияҳои Роғунро харидорӣ намуданд.                    Раиси Ҷамъияти саҳҳомии «Бонки Эсхата» Хуршед Носиров изҳор намуд, ки кормандони «Амонатбонк» дар шаҳри Хуҷанд ба маблағи то 700 ҳазор сомонӣ саҳмияҳои Роғунро хариданд. Рӯзҳои наздик маҷлиси шӯрои мудирони ҷамъияти саҳҳомӣ баргузор мегардад. Тибқи қарори маҷлиси мазкур барои харидани саҳмияҳои нерӯгоҳ маблағи муайян ҷудо карда хоҳад шуд, гуфт Хуршед Носиров.

Январь 6, 2010 16:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид