ОҒОЗИ НАҚШАИ ГЕНЕРАЛИИ ДИГАРГУНИИ СОХТОРИИ МУАССИСАҲОИ ТИББӢ

Январь 22, 2010 15:31

                  Душанбе, 22 январ. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Аз моҳи январи соли 2010, Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази татбиқи лоиҳаи тандурустии ҷомеавӣ ва заминавӣ дар чорчӯбаи маблағгузории иловагӣ Мушовараи байналмилалиро оиди таҳия намудани Нақшаи Генералии дигаргунии сохтории муассисаҳои тиббии ҷумҳури дар сатҳи миллӣ, вилоятӣ ва ноҳиявиро оғоз менамояд.                    Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Маркази татбиқи лоиҳаи тандурустии ҷомеавӣ ва заминавӣ иттилоъ доданд, пешбинӣ шудааст, ки нақшаи Генералии муассисаҳои тиббӣ — чун ҳуҷҷати асосии инвеститсияҳои ояндаи инфраструктураи соҳаи тандурустӣ аз тарафи сармоягузорон қабул хоҳад шуд.                     Бояд қайд намуд, ки татбиқи Нақшаи генералии таҳиягардида бо роҳи амалӣ сохтани гузариши муассисаҳои тиббӣ ба маблағгузорӣ дар асоси натиҷаҳо ва инчунин бо роҳи ислоҳоти сохтории муассисаҳои тиббӣ ва самаранок ҷо ба ҷо намудани потенсиали инсонии соҳа бо назардошти равандҳои мавҷудаи иҷтимоию демографӣ ба роҳ монда мешавад.

Январь 22, 2010 15:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд