О.ОҚИЛОВ БА МАҲАЛЛИ СОХТМОНИ РОҒУН РАФТ
Душанбе, 18 январ. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Бо супориши Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов чанд рӯз пеш ба маҳалли сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун рафта, бо ҷараёни сохтмони он бевосита шинос гардид. Баъди шиносоӣ бо вазъияти корҳо дар маҳалли сохтмони нерӯгоҳ маҷлиси ситоди корӣ гузаронида шуд. Сарвазир ба роҳбарони вазорату идораҳои мутасаддӣ ва роҳбарияти НБО «Роғун» супориш дод, ки ҳамаи корҳои сохтмониро сари вақту хушсифат анҷом дода, дар баробари ин музди кори коргаронро дар вақташ диҳанд ва онҳоро бо хӯроки гарм таъмин намоянд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки айни ҳол дар сохтмони НБО «Роғун» бештар аз 7 ҳазор нафар кор мекунад, дар ин ҷо 670 навъи техника истифода карда мешавад. Сохтмони нерӯгоҳ шабу рӯз давом дорад. Мутахассисон айни ҳол ба сохтмони туннели нақлиётию обгурез ва сарбанди обанбори нерӯгоҳ машғуланд. Ҳукумати ҷумҳурӣ соли 2009 барои сохтмони нерӯгоҳ 500 миллион сомонӣ ҷудо карда буд. Ин маблағ то аввали соли равон пурра истифода карда шуд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






