О.ОҚИЛОВ БА МАҲАЛЛИ СОХТМОНИ РОҒУН РАФТ

Январь 18, 2010 15:30

                  Душанбе, 18 январ. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Бо супориши Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов чанд рӯз пеш ба маҳалли сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун рафта, бо ҷараёни сохтмони он бевосита шинос гардид.                    Баъди шиносоӣ бо вазъияти корҳо дар маҳалли сохтмони нерӯгоҳ маҷлиси ситоди корӣ гузаронида шуд. Сарвазир ба роҳбарони вазорату идораҳои мутасаддӣ ва роҳбарияти НБО «Роғун» супориш дод, ки ҳамаи корҳои сохтмониро сари вақту хушсифат анҷом дода, дар баробари ин музди кори коргаронро дар вақташ диҳанд ва онҳоро бо хӯроки гарм таъмин намоянд.                     Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки айни ҳол дар сохтмони НБО «Роғун» бештар аз 7 ҳазор нафар кор мекунад, дар ин ҷо 670 навъи техника истифода карда мешавад. Сохтмони нерӯгоҳ шабу рӯз давом дорад. Мутахассисон айни ҳол ба сохтмони туннели нақлиётию обгурез ва сарбанди обанбори нерӯгоҳ машғуланд.                       Ҳукумати ҷумҳурӣ соли 2009 барои сохтмони нерӯгоҳ 500 миллион сомонӣ ҷудо карда буд. Ин маблағ то аввали соли равон пурра истифода карда шуд. 

Январь 18, 2010 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид