ОМӮЗИШИ СОҲА — САРЧАШМАИ ФАРОВОНҲОСИЛӢ

Январь 4, 2010 16:35

                 Душанбе, 4 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Баланд бардоштани дараҷаи маълумот ва такмили дониши кормандони соҳаи кишоварзӣ яке аз ҳадафҳои асосии лоиҳаи «Барқарорсозии соҳаи пахтакорӣ» мебошад, ин ҳадаф тавассути Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаҳо оид ба ҳалли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор ва рушди устувори соҳаи пахтакорӣ» дар ноҳияҳои озмоишии лоиҳаи номбурда амалӣ мегардад. Чуноне ки қаблан иттилоъ дода будем, Марказ соли 2009 тибқи озмун барои татбиқи барномаҳои «Хизматрасонӣ ва паҳнкунии дониш дар байни деҳқонон» ва «Барномаи кор бо аҳолӣ» 16 ташкилоти ҷамъиятиро ҷалб карда буд. Ин ташкилотҳо бо деҳқонон, сарварони хоҷагиҳои деҳқонӣ, намояндагони ҳокимияти маҳаллии ноҳияҳои Шаҳритус, Қубодиён, Қумсангир, Вахш, Бохтар, Восеъ ва Фархор вохӯрӣ ва семинар – машваратҳо доир намуда, масъалаҳои қонунгузорӣ доир ба кишоварзӣ, андоз ва андозбандӣ, идоракунии молиявии хоҷагиҳои деҳқонӣ – фермерӣ ва амсоли ин маълумоти муфассал доданд. Дар ин давра 208 семинари омӯзишӣ, ки дар он 4378 нафар аз ин ҳисоб 2006 нафар занон, 190 вохӯрӣ, 25 мизи мудаввар ва 25 машварати омӯзишӣ гузаронида шуд, ки дар ин чорабиниҳо 5826 нафар кормандони соҳаи кишоварзӣ дониши худро такмил дода, дар истеҳсолот онро истифода мебаранд.                 Тавре аз Маркази итилоотии “Маркази идораи лоиҳаҳо оид ба ҳалли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор ва рушди устувори соҳаи пахтакорӣ" М. Буриева хабар дод, санҷиши рафти фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ аз ҷониби мутахассисони Марказ маълум намуда, ки чунин ҷамъомадҳои омӯзишӣ – иттилоотӣ барои ҳар як корманди соҳа хеле зарур аст ва вазъи имрӯзаи деҳқонон тақазо мекунанд, ки доир ба ин ё он мавзӯъ барояшон маълумоти муфассал дода шавад. Натиҷаҳои чунин омӯзиш дар он аст, ки ҳар як хоҷагидор ҳуқуқ ва вазифаи худро ба хубӣ дониста, барои баланд бардоштани самаранокии кор аз дониши андӯхтааш ҳамаҷониба истифода мебарад.                   Мутобиқи лоиҳаи «Барқарорсозии соҳаи пахтакорӣ» соли ҷорӣ ҳам чунин чорабинио дар ноҳияҳои озмоиши дар назар аст.

Январь 4, 2010 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИФОДАИ БОСАМАРИ ЗАМИН. Сокини деҳаи Гулистони ноҳияи Кӯшониён аз замини наздиҳавлигӣ ду-се ҳосил ба даст меорад
Дар шаҳри Гулистон сохтмони корхонаҳо ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти муосир идома дорад
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба китобу китобхона ташаббусҳои ҳизбӣ доир мегарданд
Ҳамкории Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани Душанбе ва Донишгоҳи давлатии Кубан тақвият меёбад
Дар намоишгоҳи «Сӯзании Панҷакент» намунаи маҳсули ҳунармандони чирадаст ба намоиш гузошта мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Мураббои анҷир кори дил ва рагҳои хунгардро муътадил мегардонад
Дар ҳашарҳои экологӣ 9 км канори шоҳроҳи мошингарди Исфара-Хуҷанд аз партовҳо тоза карда шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Дар Суғд ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид